Дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Душанбе исми 38 муассисаро тибқи муқаррароти Қонуни забон тоҷикӣ кардаанд ва 42 корхонаи дигар барои ислоҳи номи худ фурсат гирифтаанд. Бино ба гузориши “Азия Плюс”, шаҳрдорӣ аз ҷумла ба қаҳвахонаи «Segafredo», ошхонаҳои «Cantry», «Ораш», «Ян Цзи», интернет-кафеи «Saturn-online» ва толори либосҳои арӯсии «Шоира-Люкс» дар маркази пойтахт вақт додааст, ки номи худро тоҷикӣ кунанд. Барои нақзи ин муқаррароти қонуни забон ҷарима ба маблағи аз 15 то 40 маоши ҳадди ақал низ таъйин шудааст.