Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи набардҳо дар Димишқу Ҳалаб


Нирӯҳои Сурия бо истифода аз силоҳҳои сақил ва чархболҳо дирӯз ба минтақаи Барза дар канори Димишқ ва ду маҳаллаи дигари атрофи пойтахт ҳамла бурданд. Як манбаъи мухолифин гуфт, нирӯҳои давлатӣ ноҳияи Меззаи Димишқро тасарруф кардаанд. Дирӯз аз набардҳои шадид дар бузургтарин шаҳри Сурия – Ҳалаб – низ гузориш шуда, чирикиҳо талош кардаанд, назорати ин шаҳр ва атрофашро ба даст биоранд. Як шаб пеш мухолифин ҳайкали Ҳофиз Асад – падари раисиҷумҳур Башор Асадро дар маркази Ҳалаб сарнагун карданд. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия мегӯяд, аз моҳи марти соли 2011 дар ошӯбҳои ин кишвар 19 000 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG