Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози таҳқиқи қатли генерал Абдулло Назаров


Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба таҳқиқи қатли генерал Абдулло Назаров, сардори раёсати Кумитаи амнияти миллӣ пардохтаанд, ки шоми шанбе кушта шуд. Ба манзури боздошти омилони қатли генерал Абдулло Назаров, гурӯҳи вижаи тафтишотӣ созмон ёфтааст. Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи ин кумита ба Радиои Озодӣ гуфт, омилони қатли генерали тоҷик ба қочоқи тамоку дар Бадахшон даст доштаанд ва қатли Абдулло Назаров ба фаъолияти кории ӯ робитаи мустақим дорад: «Генерал Абдулло Назаров, шоми шанбеи 21-уми июл ҳангоми бозгашт аз сафари хидматӣ аз ноҳияи Ишкошим дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ мавриди ҳамлаи гурӯҳи номаълум қарор гирифта ва бо зарби асбоби номуайяни тез кушта шудааст». Абдулло Назаров, яке аз маъмурони амниятии собиқадори Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
XS
SM
MD
LG