Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири муқаррароти квота барои мутахассисони хориҷӣ


Тоҷикистон муқаррароти квота барои муҳоҷирони хориҷиро тағйир дод. Абдулло Қодирӣ, масъули дафтари Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 20-уми июл ба "Озодӣ" гуфт, ки ҳукумати кишвар ба хотири ҷалби бештари соҳибкорони хориҷӣ ва мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, омадани онҳоро аз доираи квотаи муҳоҷирони кории хориҷӣ берун кард.

Қаблан бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми январи соли 2012, ҳукумати Тоҷикистон квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ин кишварро мушаххасан сарфи назар аз аҳамияти тахассус, 4800 ҳазор нафар нишон дода буд. Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ворид шудани ин кишвар ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ин иқдомро муҳим мешуморад. Акнун шаҳрвандони хориҷие, ки фаъолияти меҳнатиро дар асоси санадҳои байниҳукуматӣ ё байнидавлатӣ амалӣ менамоянд, инчунин мутахассисони баландихтисоси хориҷие, ки барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ба ширкатҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ ҷалб гардидаанд, ба квотаи мазкур дохил намешаванд.
XS
SM
MD
LG