Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нур Нуров дар боздошт нест"


Нур Нуров, ки бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаи додраси Додгоҳи Олии кишвар бозхонда шуд, дар боздошт қарор надорад. Дар ин бора дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ Абдуфаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо фасод хабар дод ва гуфт, ки феълан парвандаи алайҳи Нур Нуров мавриди таҳқиқ қарор дорад. Саидов гуфт, ки ҳанӯз зарурате барои боздошти ӯ пеш наомадааст.

Ба иттилои Оҷонсии мубориза бо фасод, Нур Нуров тибқи моддаи 4 банди 247 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон "дар қаллобӣ дар ҳаҷми калон" муттаҳам мешавад.

Ин дар ҳолест, ки дирӯз Маҷлиси милли Тоҷикистон бо пешниҳоди раисҷумҳур ваколатҳои Нуровро дар вазифаи додраси Додгоҳи Олӣ боздошт. Тахмин меравад, ки ин иқдом дар чаҳорчӯби тафтишоти парвандаи "исфарагиҳо" гирифта шудааст.
Нур Нуров, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, собиқаи наздики 30-солаи корӣ дорад. Номи ӯ пас аз он расонаӣ шуд, ки аз моҳи июли соли 2008-ум то моҳи июни соли 2009-ум муҳокимаи парвандаи ҷиноии 33 сокини Исфараро бар ӯҳда дошт ва бо имзои ӯ ин афрод аз 10 то 25 сол равонаи зиндон шуданд.
XS
SM
MD
LG