Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе – мизбони сабқати ниҳоии Ҷоми раиси АФК-2012


Сабқати ниҳоии Ҷоми раиси АФК (Конфедератсиюни футболи Осиё)-2012 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Барои мизбонии сабқати ниҳоии Ҷоми раиси АФК-2012 Камбоҷа, Қирғизистон ва Тоҷикистон талош доштанд. Кумитаи баргузории мусобиқоти АФК дар ҷаласаи худ рӯзи 18-уми июл ба ҳайси мизбон Тоҷикистонро тасдиқ намуд.

Ба ин тартиб, сабқати ниҳоии Ҷоми раиси АФК-2012 аз 24-ум то 30-юми сентябр дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, ки ғунҷоишаш 20 ҳазор тамошогар аст, доир мешавад.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси АФК дар таърихи ин мусобиқот барои бори дувум дар Тоҷикистон барпо мегардад. Аз ин пеш сабқати ниҳоӣ соли 2009-ум дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода доир шуда буд ва дастаи «Регар-ТадАЗ» дар бозии ҳалкунанда бар «Дордой»-и Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад ва барои бори севум барандаи Ҷоми раиси АФК гардид.

Қуръакашии сабқати ниҳоии Ҷоми раиси АФК-2012 рӯзи 31-уми июл дар Душанбе доир хоҳад шуд. Дар сабқати ниҳоӣ шаш даста ба ду гурӯҳ тақсим мешавад. Ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, бо раҳбарии Никола Кавазович, мутахассиси сербиягӣ, дар сабқати интихобӣ дар гурӯҳи «С», ки аз 5-ум то 9-уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе доир шуд, бар тимҳои «Ал-Аммарӣ»-и Фаластин бо ҳисоби 1:0 ва «Балкан»-и Туркманистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз гашт. “Истиқлол” бо 6 имтиёз ғолиби гурӯҳ гардид. «Ал-Аммарӣ» бо 3 имтиёз мақоми дувумро касб кард. Ҳарду даста ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар сабқати ниҳоии Ҷоми раиси АФК-2012 ба ғайр аз қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол» ва қаҳрамони Фаластин - «Ал-Аммарӣ», тимҳои «Дордой»-и Қирғизистон, «Пномпен Краун»-и Камбоҷа, «Тайван Пауэр»-и Тайван ва «Озмоишгоҳҳои Хон»-и Покистон ширкат хоҳанд кард.

Ба ғолиби Ҷоми раиси АФК 50 ҳазор доллари амрикоӣ, ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 25 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG