Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавқифи маъракаи воксинзанӣ дар шимоли Покистон


Давлати Покистон дар пайи таҳдидҳои Толибон маъракаи воксинзанӣ аз бемории фалаҷи кӯдак, ё полиомелитро дар баъзе минтақаҳои қабиланишин мутаваққиф кардааст. Толибон дар вилоёти Вазиристони шимоливу ҷанубӣ ба нишони эътироз ба ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико алайҳи ин маърака «таҳрим» ҷорӣ кардаанд. Ҳофиз Гул Баҳодур, раҳбари Толибон дар Вазиристони шимолӣ гуфт, ин таҳрим то замони қатъи чунин ҳамалот ба қувваи худ боқӣ хоҳад монд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, иқдоми Толибон саломати беш аз 350 000 кӯдакро ба хатар меандозад. Соли гузашта дар Покистон 198 мавриди фалаҷи кӯдак сабт шуд, ки баландтарин дар дунёст.
XS
SM
MD
LG