Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба осебдидагони Кримски Русия ҷубронпулӣ медиҳанд


Дар Русия барои кӯмак ба осебдидагони селоби Кубан ҳар гуна маҳдудият аз миён бардошта мешавад. Дар ин бора Владимир Пучков-вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дар ҷаласаи Кримск хабар дод.

Вай рӯзи якшанбе гуфт, то ҳол пешбинӣ шуда буд, ки ба осебдидагон то 50 ҳазор рубл кӯмак кунанд. Вале акнун барои ҳар узви хонаводаи осебдида низ 10 ҳазор рублӣ кӯмак пардохт мешавад.

Рӯзи якшанбе Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия аз манотиқи осебдида боздид кард ва дар ҷаласаи Кримск ширкат дошт.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар селобҳои Кубан 171 нафар кушта шудаанд, вале фаъолон бо такя ба маълумоти аҳолии маҳаллӣ мегӯянд, дар ин офат ҳазорон нафар қурбон шудаанд.
XS
SM
MD
LG