Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Режими Башор Асад қатли ом дар Тремсеро рад мекунад


Режими Башор Асад-раҳбари Сурия инкор кард, ки дар ҳамлаи маргбор ба Тремсе аз т онкҳову чархболҳо истифода накардааст. Фаъолон ин ҳамларо “қатли ом” арзёбӣ кардаанд. Ҷиҳод Мадкиссӣ-сухангӯи вазорати хориҷаи Сурия рӯзи якшанбе дар конфронси хабарии Димишқ гуфт, гузоришҳо дар бораи истифодаи ҳавопаймоҳо аз сӯи нируҳои давлатӣ “аслан дуруст нест”.

Мадкиссӣ гуфт, норинҷакандозҳо аслиҳаи қаввӣ ба шумор намеравад ва он дар даргириҳои миёни нгируҳои давлатӣ бо шӯришиён истифода мешавад. Аммо нозирони СММ, ки рӯзи шанбе аз Тремсе боздид карданд, дар бораи нишонаҳои ҷанги шадид гузориш додаанд.
XS
SM
MD
LG