Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арабистон аз изҳороти мансабдори рус нороҳат аст


Эътирози мусулмонони шиамазҳаб дар Арабистони Саудӣ
Эътирози мусулмонони шиамазҳаб дар Арабистони Саудӣ
Арабистони Саудӣ шарҳи як масъули ҳуқуқи башари Русияро маҳкум намуда, онро дахолат дар умури дохилии ин мамлакат арзёбӣ кардааст. Масъули ҳуқуқи башар дар вазорати корҳои хориҷии Русия Констатин Долгов изҳори “ташвиши амиқ” кардааст, ки рӯзи якшанбеи гузашта дар ҷараёни ба қавли мансабдори рус бархӯрдҳои шарқи Арабистони Саудӣ, ки ҳангоми ҳабси як рӯҳонии шиамазҳаб сар зада буданд, ду нафар ба ҳалокат расидааст. Вазири корҳои дохилии Арабистони Cаудӣ мегӯяд, ду нафарро масъулони ҳуҷум куштаанд, на нерӯҳои амниятӣ. Дар вилояти шарқии Арабистон пайравони мазҳаби шиа зиёданд. Онҳо худро табъизшуда мешуморанду баъзан эътирозҳо ташкил мекунанд. Коршиносон бар ин ақидаанд, ки табодули танқид миёни Русия ва Арабистон эҳтимол ба Сурия иртибот дошта бошад, ки ду кишварро дар муқобили якдигар қарор додааст.
XS
SM
MD
LG