Дар ИМА як шаҳрванди Узбакистон беш аз 15 солро бо ҷурми тарҳрезии сӯиқасд ба ҷони президенти ин кишвар Барак Обама дар маҳбас сипарӣ хоҳад кард. Моҳи феврал Улуғбек Қодирови 22-сола эътироф карда буд, ки қасд дошт, дар рафти маъракаи интихобот президенти ИМА Барак Обамаро ба қатл расонад. Қодиров гуфта буд, ӯ тавассути интернет бо нафаре, ки эҳтимолан узви созмони исломии узбак будааст, барномаи қатли президенти ИМА-ро машварат карда, дар пайи харидани силоҳ шудааст. Мақомот мегӯянд, фурӯшандаи силоҳ яке аз ходимони амниятӣ буд. Қодиров дар соли 2009-ум раводиди сафар ба ИМА гирифта, мебоист дар яке аз донишгоҳҳои тиббӣ таълим гирад, вале ӯ ба ягон донишгоҳ муроҷиат накардааст.
Узбаки 22-сола мехост президенти ИМА-ро кушад
