Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар Спартакиадаи низомиёни ИДМ севум шуд


Спартакиадаи IX низомиёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон 10 рӯз идома кард, ба анҷом расид.

Дар ҳисоби умумидастаӣ аз рӯи шумораи медалҳо (тилло, нуқра, биринҷӣ) тими мунтахаби Русия ғолиб омад. Дастаи Қазоқистон мақоми дувум ва тими Украина мақоми севумро соҳиб шуданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ аз рӯи имтиёзҳо мунтахаби Қазоқистон дар ҷойи аввал, Русия дар ҷойи дувум ва Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Дар ин спартакиада беш аз 320 варзишгари низомӣ аз кишварҳои ИДМ - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Русия ва Украина рақобат карданд.

Ба барномаи спартакиада ҳашт намуд – муҳорибаи танбатан, гуштии озод, дзюдо, волейбол, сангбардорӣ, шиноварӣ, самтгирии варзишӣ ва триатлон (сеҳарба) дохил буд.

Фарҳод Раҳматуллоев, сардори Бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “спартакиада дар пойтахти Қазоқистон дар сатҳи баланд баргузор шуд. Дар ин спартакиада 51 варзишгари тоҷик дар 7 намуд ширкат варзиданд. Варзишгарони мо дар риштаи дзюдо бо касби 3 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҳисоби дастаӣ ғолиб шуданд. Дастаи Тоҷикистон оид ба гуштии озод бо як медали нуқра ва 3 биринҷӣ мақоми севумро касб кард. Инчунин варзишгарони мо дар сабқати волейбол ва сеҳарба ҷойҳои севумро соҳиб шуданд.”

Ҷаноби Раҳматуллоев дар идомаи сӯҳбат гуфт, ҳамзамон дар Остона дар ҷараёни Спартакиадаи 9-уми низомиёни кишварҳои ИДМ ҷаласаи Кумитаи варзиши назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои ИДМ баргузор шуд. Ӯ афзуд, “бо тасмими ин кумита минбаъд Спартакиадаи низомиёни ИДМ дар чаҳор сол як маротиба баргузор мешавад ва аз рӯи намудҳои алоҳида ҳар сол дар кишварҳои мухталиф мусобиқоти қаҳрамонии ИДМ доир хоҳад шуд. Мо пешниҳод кардем, ки мусобиқаи қаҳрамонӣ оид ба дзюдо моҳи сентябри соли 2013-ум дар Тоҷикистон доир шавад.”

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG