Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои даҳ созишнома зимни сафари Раҳмон


Дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Озарбойҷон миёни ду кишвар 10 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Аз ҷумла бар асоси як санад дар арсаи маориф, диплому унвонҳои илмии кормандону донишмандонми тоҷику озарӣ дар ҳарду кишвар эътибор хоҳанд дошт. Яке аз санадҳои муҳими дигар барномаи ҳамкориҳои иқтисодии миёни Тоҷикистону Озарбойҷон барои солҳои 2013 - 2015 аст. Ҳамчунин корхонаи тавлиди алюминиум дар Тоҷикистон Талко ёддошти тафоҳум бо Корхонаи Озаралюминий ба имзо расонидааст. Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Боку имрӯз хотима меёбад.
XS
SM
MD
LG