Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи олӣ: “Регар” - якум, “Равшан” - дувум, “Истиқлол” - севум


Лаҳзае аз бозии "Вахш" - "Истиқлол", 11-уми июли соли 2012
Лаҳзае аз бозии "Вахш" - "Истиқлол", 11-уми июли соли 2012

Се бозии мавқуфгузоштаи даври 9-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон шоми 11-уми июл поён ёфт.

Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ аз тими “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Тӯбро дар дақиқаи 74-ум нимҳимоятгар Александр Кудряшов ба дарвозаи мизбонон ворид кард.

Дастаи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар тими меҳмон - “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Нахуст ҳамлагари меҳмонон Шодибек Ғаффоров аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра дар дақиқаи 24-ум ҳисобро боз кард. Дар оғози нимаи дуввуми бозӣ, дар дақиқаи 47-ум, Мансур Ҳакимов, ҳамлагари мизбонон, ҳисобро баробар намуд. Голи ҳалкунандаро Ғайрат Абдураззоқов, бозигари “Парвоз”, дар дақиқаи 75-ум ба самар расонд.

Бозии ССКА “Помир”-и Душанбе бо дастаи меҳмон - “Хайр”-и Ваҳдат бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол анҷом пазируфт.

Шаш даста – "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода, “Истиқлол”-и Душанбе, "Хуҷанд"-и Хуҷанд, “Истаравшан”-и Истаравшан, "Ҳосилот"-и Фархор ва "Зарафшон"-и Панҷакент бозиҳои давраи аввали мусобиқотро ба анҷом расониданд.

Сарфи назар аз натоиҷи бозиҳои мавқуфгузошташуда дастаи "Регар-ТадАЗ" бо 32 имтиёз ғолиби давраи аввал гардид. Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб, ки 28 имтиёз дорад, новобаста аз натиҷаи бозии мавқуфгузоштааш бо "Вахш" (21-уми июл дар шаҳри Қӯрғонтеппа) дар давраи аввал мақоми дувумро касб кард. Дастаи "Истиқлол" бо 26 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт.

Никола Кавазович (аз чап) ва Салоҳиддин Ғафуров
Никола Кавазович (аз чап) ва Салоҳиддин Ғафуров
Никола Кавазович, сармураббии дастаи “Истиқлол”, баъди анҷоми бозии дастааш бо “Вахш” дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, “дастаи “Вахш”-ро бо бозии аълояш табрик мегӯям. Ин даста сад дар сад имкони дар байни се дастаи беҳтарин мавқеъ гирифтанро дорад. Бозии имрӯза барои мо бозии аз ҳама мушкил дар мавсими имсола буд. Мо имрӯз аз ин хубтар бозӣ карда наметавонем. Агар ин бозӣ баъди се рӯз барпо мегашт, мо мағлуб мешудем. Мо дигар қувват надорем. Ҳам аз ҷиҳати рӯҳӣ ва ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ хеле хаста шудаем. Вале мо хушнудем, ки чунин рақиби хубамонро дар майдонаш шикаст додем. Ташаккур аз мухлисони зиёде, ки барои тамошои ин бозӣ дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа ҷамъ омаданд ва хуб ҳам мухлисӣ карданд. Вале, мутаассифона, теъдоди мухлисони дастаи мо ва, умуман, дастаҳои шаҳри Душанбе, хеле кам аст. Ба мо бозигари “дувозҳдаҳум”, ки мухлисони дастаанд, намерасад.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00
Линки мустақим


Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи “Вахш”, иброз дошт, ки “ бозӣ бисёр вазнин буд. “Истиқлол” мураббии хуб ва бозигарони пуртаҷриба дорад. Дар дастаи мо бошад, ҷавонон бозӣ мекунанд. Мо 20 рӯз бозӣ накарда будем, зеро ки футболбозони мо дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё ширкат доштанд. Албатта, ҳавои гарм ҳам ба ҳунарнамоии бозигарон таъсири манфӣ расонд. Агар аз рӯи ҷараёни қувваозмоӣ баҳо диҳем, бозӣ бояд бо натиҷаи мусовӣ анҷом меёфт. Мо алъон 11 бозигари асосӣ дорем, бинобар ин дар ҷараёни бозӣ иваз намудани баъзеи онҳо бароямон мушкилот пеш меорад. Маҷбур мешавем, бозигарони хеле ҷавонро, ки синнашон ҳатто ба 16 ҳам нарасидааст, ба майдон барорем. Мо боз чор бозии мавқуфгузошта дорем. Кӯшиш мекунем, ки давраи аввали мусобиқотро бо натиҷаҳои хуб анҷом диҳем. Дар бораи доварони ин бозӣ ва, умуман, дар бораи доварии бозиҳои мусобиқоти имсола гуфтаниям, ки агар чунин доварӣ бошад, футболи мо пеш намеравад.”

Натоиҷи бозиҳои даври 9-ум
«Вахш» (Қӯрғонтеппа) - «Истиқлол» (Душанбе) – 0:1
Варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа.
Гол: Александр Кудряшов, 74.

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) - «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
Варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Голҳо: Шодибек Гаффоров, 25 – аз пеналтӣ (0:1). Мансур Ҳакимов, 47 (1:1). Ғайрат Абдураззоқов, 75 (2:1).

ССКА «Помир» (Душанбе) - «Хайр» (Ваҳдат) – 0:0
Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. "Регар-ТадАЗ" 12 10 2 0 33-9 32
2. "Равшан" 11 9 1 1 17-5 28
3. стиқлол" 12 8 2 2 28-8 26
4. "Хайр" 11 5 3 3 20-18 18
5. “Парвоз” 11 5 1 5 27-18 16
6. “Хуҷанд” 12 5 1 6 18-18 16
7. “Истаравшан” 12 4 2 6 18-24 14
8. "Вахш" 8 4 1 3 12-5 13
9. "Энергетик” 10 3 4 3 17-15 13
10. ССКА “Помир” 9 2 3 4 9-14 9
11. "Ҳосилот” 12 2 1 9 12-31 7
12. “Зарафшон” 12 1 3 8 14-37 6
13. "Гвардия” 10 1 0 9 7-30 3

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев (“Истиқлол”) -10 гол, Асадулло Бобоҷонов ("Парвоз") - 9 гол, Габриэл Донто (“Энергетик”), Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) - 8-голӣ, Аҳтам Ҳамроқулов (“Регар-ТадАЗ”), Индус Ҳусейнзода ("Хуҷанд") - 7-голӣ.

Тақвими бозиҳои мавқуфгузошта

17-уми июл, сешанбе
Бозии даври 10-ум
«Хайр» - «Вахш»
Бозии даври 11-ум
ССКА «Помир» - «Энергетик»

21-уми июл, шанбе
Бозии даври 11-ум
«Вахш» - «Равшан»
Бозии даври 12-ум
«Гвардия» - ССКА «Помир»

25-уми июл, чоршанбе
Бозии даври 12-ум
«Энергетик» - «Вахш»
Бозии даври 13-ум
ССКА «Помир» - «Парвоз»

28-уми июл, шанбе
Бозии даври 13-ум
«Вахш» - «Гвардия»

Оғози бозиҳо – соати 17:30

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG