Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кен Гросс бо Эмомалӣ Раҳмон "хайрухуш" кард


Кен Гросс, сафири ИМА дар Душанбе, охирон дидору гуфтугӯи худ ба унвони дипломати амрикоиро бо Эмомалӣ Раҳмон баргузор кард.

Президенти Тоҷикистон ба фаъолияти се соли ахири Кен Гросс дар Тоҷикистон баҳои баланд дода ва ҷойгоҳи ӯро дар раванди рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Амрико муҳим арзёбӣ кард.

Кен Гросс дар навбати худ нақши Тоҷикистонро дар минтақа пурарзиш донист ва ибрози умедворӣ кард, ки барномаҳои феълӣ ва ояндаи ҳамкории Амрико бо Тоҷикистон самараҳои боз ҳам бештар хоҳанд дошт.

Дар ҳоле, ки дипломати амрикоӣ аз меҳмоннавозӣ ва фарҳанги баланди мардуми Тоҷикистон тақдир кард, аммо гуфт, ки минбаъд низ барои рушди муносиботи судовари ИМА бо Тоҷикистон талоши худро дареғ нахоҳад дошт.

Зимнан, Кен Гросс, аз моҳи августи соли 2009 раҳбарии намояндагии дипломатии ИМА дар Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Забонҳои тоҷикӣ, олмонӣ ва фаронсавиро медонад. Интизор меравад Кен Гросс, фаъолияти худро дар департаменти давлатии ИМА идома диҳад.

Аммо Сюзан Эллиот, дипломати ботаҷриба, ки то ҳол муовинати раҳбарии раёсати кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказиро дар Департаменти давлатии ИМА бар дӯш дошт, ҷойгузини Кен Гросс дар Тоҷикистон шуд.

Сенати ИМА рӯзи ҷумъаи гузашта бо иттифоқи оро номзадии Сюзан Эллиотро ба мақоми сафири ИМА дар Тоҷикистон пуштибонӣ намуд. Барак Обама, ба таърихи 11 апрел номзадии ӯро ба мақоми сафири ИМА дар Тоҷикистон пешниҳод карда буд.
XS
SM
MD
LG