Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши кӯмак ба бонкҳои Испания ҳосил шуд


Вазирони молияи Иттиҳодияи Аврупо шароити кӯмак ба бонкҳои Испанияро мувофиқа карда ва гуфтаанд, то омодаанд, то охири ҳамин моҳ 30 миллиард евро дар ихтиёри онҳо бигузоранд. Жан Клод Ҷанкер, раиси вазирони молияи ҳавзаи евро, баъди 9 соати музокирот дар шаҳри Брюссел бомдоди сешанбе эълом кард, ки созишнома дар ин замина миёни 17 кишвари ҳавза нимаи дуввуми моҳи июл имзо мешавад. Рӯзи душанбе баҳраи хариди коғазҳои гаронбаҳои ҳукумати Испониё ба 7 дар сад расид, ки ҳамингуна вазъ Юнону Ирландия ва Португалияро маҷбур кард, барои кӯмак ба ниҳодҳои байналмилалӣ молӣ муроҷиат кунанд. Испания чаҳорумин иқтисоди бузург дар миёни 17 кишвари ҳавзаи евро аст.
XS
SM
MD
LG