Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон алоқаманди музокирот бо давлат?


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, мегӯяд, Толибон нахустин бор барои музокира бо давлат ибрози алоқа кардаанд. Ӯ рӯзи душанбе дар Токио ба хабарнигорон гуфт, намояндагони Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон ду ҳафта пеш дар шаҳри Киотои Ҷопон бо намояндагони Толибон ва Ҳизби Исломӣ дар Донишгоҳи Дошиша мулоқот кардаанд. Ба гуфтаи Ҳомиди Карзай, Қорӣ Динмуҳаммад, як мақоми баландпояи Толибон гуфтааст, ки ин гурӯҳ омода аст бо ҳукумати Афғонистон музокира кунад. Раиси ҷумҳури Афғонистон афзуд, дар мулоқот “шеваҳои расидан ба сулҳ” баррасӣ шудааст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, ҳузури намояндагони ин гурӯҳ дар нишасти Киоторо таъйид карда, вале гуфтааст, онҳо ҳеҷ аҳде барои музокира бо давлат надодаанд.
XS
SM
MD
LG