Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи тахрибшуда Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳ бозкушоӣ мешавад


Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабари тахриби роҳи Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳро таъйид кард, аммо гуфт, то охири рӯз дигарбора таҷдид хоҳад шуд.

Нодир Қаландаров, сармутахасии шуъбаи иттилооти вазорат хабари қаблӣ дар бораи кӯчидани кӯҳпора дар деҳаи Рарзи ноҳияи Айниро рад карда, гуфт, аз сабаби баланд шудани сатҳи оби дарёи Зарафшон дар километри 24 - уми роҳи Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳ, 50 метр роҳ тахриб шудааст. Вай афзуд, ҳоло ҳаракати мошинҳо тавассути роҳи мошингарди Оббурдон – Овчӣ аз тариқи ноҳияи Ғончӣ ба роҳ монда шудааст.

Қаблан манбаъҳои маҳаллӣ гуфта буданд, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва панҷ деҳаи ноҳияи Айнӣ дар пайи лағжиши кӯҳпора боз дар инзивои иртиботӣ қарор гирифтаанд.

Ҳодиса дар деҳаи Рарз соати 11 – шаби 8 июл ба вуқӯъ пайвастааст. Ба қавли ин манбаъ, талафоти ҷонӣ вуҷуд надорад ва хисороти ҳодиса маълум нашудааст.
Ин бори аввал нест, ки убуру мурур дар роҳи Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ дар ҳудуди деҳаи Рарз қатъ мешавад.

Моҳи июни соли гузашта дар ин минтақа бар асари лағжиши кӯҳпора роҳи мазкур зери хоку гил монда, рафтуомад, хусусан, убури мошинҳоро номумкин карда буд. низ ҳамчунин иттифоқ афтода буд. Он замон нахуствазир Оқил Оқилов ба ҷои ҳодиса омада, масъалаи эҳёи роҳро баррасӣ намуд, аммо роҳ пас аз ду моҳ боз шуд.

Ба ҳамин минвол, иртиботи сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва деҳоти Шамтичу Вешаб, Похуду Шаватки ноҳияи Айнӣ аз Душанбе қатъ шуд. Ягона роҳе, ки онҳоро бо олами беруна васл мекунад, ағбаи Овчӣ аст, ки ба самти Хуҷанд мебарад.
XS
SM
MD
LG