Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи изтирории Шӯрои низомии Миср


Дар пайи дастури Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср, барои аз саргирии кори порлумон, Шӯрои низомии ин кишвар ҷаласаи изтирорӣ баргузор кард. Бино ба гузоришҳо, маршал Ҳусейн Тантавӣ, раиси ин шӯрои ҳоким бар Миср баъди суқути Ҳуснӣ Муборак, дар соли гузашта раисии ҷаласаро бар ӯҳда дошт. Ҳамин шӯро моҳи гузашта баъди амри Додгоҳи Олии Миср, порлумони таҳти назорати исломгароёнро пароканда кард. Додгоҳ гуфта буд, ки сеяки аъзои порлумон ғайриқонунӣ интихоб шудаанд. Субҳи рӯзи якшанбе Муҳаммад Мурсӣ амр дод, ки порлумон кори худро аз сар бигирад. Раиси ҷумҳури исломгарои Миср, ки Ҳизби Ихвон-ул-Муслиминаш аксари курсиҳои порлумонро аз они худ карда буд, гуфтааст, порлумон бояд то замони баргузории интихоботи нав ба кори хеш идома бидиҳад.
XS
SM
MD
LG