Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доварону нозирони бозиҳои даври 13-уми Лигаи олӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Федератсияи футболи Тоҷикистон доварону нозирони бозиҳои даври 13-уми мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олии кишварро тасдиқ кард.

Се бозӣ рӯзи 30-юми июн ва як бозӣ рӯзи 1-уми июл баргузор мешаванд. Вале бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон ду бозии дигари даври 13-уми мусобиқаи Лигаи олӣ ба мӯҳлати дертар гузаронида шудааст.

Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, “бозиҳои даври 13-уми мусобиқаи Лигаи олӣ миёни дастаҳои ССКА «Помир» (Душанбе) - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) ва «Вахш» (Қӯрғонтеппа) - «Гвардия» (Душанбе) бинобар иштироки футболбозони ҷавони тоҷик дар ҳайати тими мунтахаби ҷавонони кишвар дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё, ки то 3-юми июл дар Малайзия идома мекунад, мавқуф мононда шуд. Бозии ССКА “Помир” бо “Парвоз” 25-уми июл ва бозии “Вахш” бо “Гвардия” 28-уми июл баргузор мешаванд.”

Даври 13-ум
30-юми июн, шанбе.
Оғози бозиҳо - соати 17.30

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе). Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа). Ёваронаш: Дилшод Назипов (Ҳисор), Парвиз Муртазоев (Душанбе). Довари эҳтиётӣ: Каюмарс Сулаймонов (Душанбе). Нозири бозӣ: Султон Қосимов (Душанбе).

«ХУҶАНД» (Хуҷанд) - «РАВШАН» (Кӯлоб). Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе). Ёваронаш: Алишер Қараев (Шаҳринав), Комилҷон Қурбонов (Турсунзода). Довари эҳтиётӣ: Рустам Холов (Душанбе). Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

«ЗАРАФШОН» (Панҷакент) - «ХАЙР» (Ваҳдат). Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор). Ёваронаш: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе), Хусрави Сиддиқзод (Душанбе). Довари эҳтиётӣ: Сайёд Зайниддинов (Душанбе). Нозири бозӣ: Владимир Домуллоҷонов (Душанбе).

1-уми июл, якшанбе. Оғози бозӣ – соати 17.30
«ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе). Сардовар: Рустам Холов (Душанбе). Ёваронаш: Алишер Қараев (Шаҳринав), Комилҷон Қурбонов (Турсунзода). Довари эҳтиётӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе). Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
XS
SM
MD
LG