Аммо аксар варзишгарони тоҷик имконияти молии харидории ғизои зарурӣ барои тамрину ширкат дар сабқатро надоранд.
Парвиз Одинаев, вазнабардори тоҷик, ки дар бозиҳои паралимпӣ ширкат мекунад, мегӯяд, наметавонад, ғизоҳое, ки барои тамрини ӯ дар ин намуди варзиш зарур аст, дар Душанбе дастрас кунад: "Бояд дар моҳ ба қимати 1000-1500 доллар ғизо истеъмол кунам. Аммо чун сарпараст надорам, на ҳама вақт имконияти молӣ даст медиҳад, ки ин миқдор ғизо истеъмол намоям."
Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, мегӯяд, дар аксар кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ ба ҳар як варзишгар ҳар рӯз ба миқдори 10 доллар ғизопулӣ ҷудо карда мешавад: "Аммо дар мо, ки имкониятҳои буҷа маҳдуд аст, ба ҳар як варзишгар дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 30 сомонӣ маблағ барои харидани ғизо ихтисос меёбад."
Ҷаноби Мирзоев афзуд, меъёри истеъмоли ғизоро ҳамасола Донишкадаи ғизои Вазорати тандурустӣ таъйин мекунад ва бо пайдо шудани имкониятҳои бештари молӣ кумита хӯрокпулии варзишгаронро то 10 доллар боло хоҳад бурд. Набуди имконияти молӣ барои харидории ғизои серкалория мушкили ягонаи варзишгарони тоҷик нест.
Онҳо аз духтурони варзишии вижа (махсус), ки реҷаи хӯрдани ғизоро таъйин ва вазъи саломатӣ ва таркиби мушаки онҳоро ташхис кунад, низ бархӯрдор нестанд. Дар Тоҷикистон ин гуна духтурон омода карда намешаванд ва бинобар ин бархе аз варзишгарон ва ё тимҳои варзишӣ аз хадамоти духтурони варзишии хориҷӣ истифода мекунанд.
Фарҳод Шамолӣ, яке аз чунин духтурони вижаи варзишист, ки аз Эрон барои дуруст муайян кардани реҷаи тамрин ва ғизои теквандочиёни тоҷик даъват шудааст. Ӯ мегӯяд, варзишгарони тоҷик маҳорати хуб доранд, вале реҷаи ғизову тамрини онҳо бояд аз ҷиҳати илмӣ муқаррар карда шавад: "Бояд аз ҳар варзишгар тестҳои варзишӣ гирифт ва муайян кард, ки дар таркиби бадани ӯ чӣ миқдор мушак ва чӣ кадар равған ҳаст. Вобаста бо натиҷаи ин тест реҷаи ғизо ва тамрини варзишгар бояд муайян шавад, то замони баргузории мусобиқа ӯ ба авҷи камолоти варзишии худ бирасад."
Дар ҳамин ҳол, Қаҳҳор Носиров, роҳбари шӯъбаи таълими Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, мегӯяд, дар ин донишгоҳ ихтисоси духтури варзишӣ вуҷуд надорад: "Махсус дар давоми 6 соли таҳсил мо духтури варзишӣ омода намекунем, аммо дар давоми таҳсил ҳамаи донишҷӯёни мо фанни варзиши муолиҷавиро меомӯзанд." Аммо ҷаноби Носиров афзуд, Донишгоҳи тиббӣ қодир аст, чунин мутахассисонро дар давраи таҳсили интернатура омода кунад, агар ба шарте ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон чунин фармоиш диҳад.