Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО бо дархости Туркия нишасти вижа доир мекунад


Димишқ мегӯяд, ки ҳавопаймои Туркия вориди ҳарими ҳавоии Сурия шуда буд.
Димишқ мегӯяд, ки ҳавопаймои Туркия вориди ҳарими ҳавоии Сурия шуда буд.
Имрӯз Паймони НАТО бо дархости Туркия ва бино ба ноором шудани вазъ дар марзи ин кишвар бо Сурия нишасти вижа доир мекунад.

Мақомоти Туркия мегӯянд, ки нерӯҳои зидди ҳамлаи ҳавоии Сурия рӯзи ҷумъа дар ҳарими ҳавоии байнулмилалӣ як ҳавопаймои ҷангии кишварро нобуд сохта, рӯзи душанбе сӯи боз як ҳавопаймои туркӣ тир андохтаанд, вале он осеб надид ва ба пойгоҳ баргашт.

Муовини нахуствазири Туркия Бюлент Аринҷ гуфт, ки "амалҳои душманона" аз сӯи Сурия беҷазо нахоҳад монд, ҳарчанд Туркия бо ягон кишвар вориди ҷанг шуданӣ нест.

Сурия мегӯянд, ки ҳавопаймои ҷангии Туркия вориди ҳарими ҳавоии кишвар шуда буд.

Дирӯз мақомоти Туркия аз марзи кишвар убур кардани гурӯҳи афсарони фирории артиши Сурияро тайид карданд. Миёни фирориён як генерал ва ду полковник ҳам ҳастанд. Қаблан дар мавриди ба Туркия гузаштани 32 афсари суриягӣ сухан мерафт ва аммо баъдан маълум шуд, ки теъдоди аъзами фирориён – аъзои хонаводаи афсаронанд.

Намояндагони ҳукумати Туркия гуфтанд, ки теъдоди фирориён аз Сурия ба кишвар коҳиш намеёбад ва ҳоло даҳҳо ҳазор нафари аз хушунат гурехта дар қаламрави Туркия панаҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG