Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Урдун ва Узбакистон ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфтанд


Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё бо ширкати 35 даста дар шаш гурӯҳ ҷараён дорад.

Вале сабқати гурӯҳи D дар Индонезия ба анҷом расид. Дар ин гурӯҳ Урдун бо 12 имтиёз мақоми аввал ва Узбакистон бо 7 имтиёз мақоми дувумро касб карда, ба сабқати ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Натоиҷи бозиҳо дар гурӯҳи D:
Даври 1-ум. Яман – Урдун– 0:4. Непал – Бангладеш – 4:1.
Даври 2-юм. Бангладеш – Узбакистон – 1:2. Непал – Яман – 0:1.
Даври 3-юм. Узбакистон – Непал – 4:2. Урдун – Бангладеш – 3:0.
Даври 4-ум. Урдун – Непал – 3:0. Яман – Узбакистон – 1:1.
Даври 5-ум. Бангладеш – Яман – 1:5. Узбакистон Урдун – 1:3

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (U-22) дар гурӯҳи “С”, ки дар нахустин бозиаш аз тими Баҳрайн бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд, бегоҳи имрӯз, 25-уми июн, дар шаҳри Малаккаи Малайзия бо мунтахаби Молдив рақобат хоҳад кард.

Гурӯҳи «С». Даври 1-ум
Тоҷикистон – Баҳрайн – 1:2
Голҳо: Ҳасан Ҷамил Ёсин Муҳаммад, 4 (0:1). Ҳасан Ҷамил Ёсин Муҳаммад, 48 – аз пеналтӣ (0:2). Қурбоналӣ Собиров, 71 (1:2).
Тоҷикистон: Мӯъминҷон Гадойбоев, Сиёвуш Асроров, Алишер Шарифов, Аҳтам Назаров, Фуруғ Қодиров, Бахтиёр Қаландаров (Ҷаҳонгир Эргашев, 54), Нодирбек Маъмиров (Ҷамолиддин Зардиев, 54), Нуриддин Давронов (капитан), Қурбоналӣ Собиров (Фирдавсӣ Қурбонов, 85), Расул Файзов, Шодибек Ғаффоров.
23-юми июн. Малакка (Малайзия). Варзишгоҳи «Ҳанг Туаҳ». 20 тамошогар.

Қатар – Молдив – 2:0
Эрон – Кувайт – 1:0

Даври 2-юм
25-уми июн (душанбе)
Баҳрайн – Кувайт
Эрон – Қатар
Тоҷикистон – Молдив

Даври 3-юм
28-уми июн (панҷшанбе)
Кувайт – Тоҷикистон
Молдив – Эрон
Баҳрайн – Қатар

Даври 4-ум
30-юми июн (шанбе)
Қатар – Кувайт
Молдив – Баҳрайн
Эрон – Тоҷикистон

Даври 5-ум
3-юми июл (сешанбе)
Кувайт – Молдив
Тоҷикистон – Қатар
Баҳрайн – Эрон

Натоиҷи бозиҳои даври аввал дар гурӯҳҳои дигар:

Гурӯҳи А
Умон – АМА – 0:2. Ҳиндустон – Лубнон – 5:2. Ироқ – Туркманистон – 4:0.

Гурӯҳи В
Покистон – Арабистони Саудӣ– 1:0. Фаластин – Шри-Ланка – 1:1. Сурия – Қирғизистон – 1:0.

Гурӯҳи F
Тайланд – Кореяи Шимолӣ – 2:4. Ҳонконг – Камбоҷа – 2:3. Чин – Лаос – 2:0.

Гурӯҳи G
Малайзия – Кореяи Ҷанубӣ – 2:3. Мянмар – Филиппин – 5:1. Вйетнам – Тайван – 1:2.

Сабқати гурӯҳи E бо ширкати 6 дастаи мунтахаб – Австралия, Индонезия, Ҷопон, Макао, Сингапур ва Тимор аз 5-ум то 15-уми июл дар Индонезия баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG