Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии “Равшан”-у “Регар” ба нафъи “Истиқлол”


Рӯзҳои истироҳат чаҳор бозии даври 12-уми мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар се бозӣ мизбонон пирӯз шуданд ва як бозӣ бо ҳисоби мусовӣ анҷом пазируфт. Бозии марказии ин давр миёни пешсафон ва муддаиёни унвони қаҳрамонӣ – дастаҳои “Равшан” ва “Регар-ТадАЗ” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Ин натиҷа ба нафъи рақиби аслиашон - дастаи “Истиқлол”, қаҳрамонии феълии Тоҷикистон буд, ки дар бозии даври гузашта дарвозаи тими нави лигаи олӣ - “Зарафшон”-ро голборон кард ва бо ҳисоби бузурги 6:0 ғолиб омад. Нимҳимоятгар Дилшод Восиев, капитани “Истиқлол”, ки дар ин бозӣ “хет-трик” кард, яъне се гол зад, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин ба Асадулло Бобоҷонов (“Парвоз”) баробар шуд. Ҳарду 9-голӣ задаанд.

Натоиҷи бозиҳои даври 12-ум:

23-юми июн, шанбе

«ҲОСИЛОТ» (Фархор) - «ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) – 2:1
Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор. Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).
Голҳо: Ҷумъахон Азизов, 6 (1:0), Илҳом Баротов, 27 (1:1), Петер Эндуранс Саксесс, 62 (2:1).

24-уми июн, якшанбе

«ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) - «ЗАРАФШОН» (Панҷакент) – 6:0
Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе. Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд).
Голҳо: Давронҷон Эргашев, 21 (1:0), Дилшод Восиев, 37 (2:0), Юсуф Рабиев, 41 (3:0), Дилшод Восиев, 44 (4:0), Фатҳулло Фатҳуллоев, 86 (5:0), Дилшод Восиев, 90+3 (6:0).

«ХАЙР» (Ваҳдат) - «ХУҶАНД» (Хуҷанд) – 2:0
Варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат. Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Голҳо: Рустам Хоҷаев, 27 (1:0), Ҷамолиддин Оев, 28 (2:0).

«РАВШАН» (Кӯлоб) - «РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) – 0:0
Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб. Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон ду бозии дигари даври 12-уми мусобиқаи Лигаи олӣ ба мӯҳлати дертар гузаронида шуд.

Дар ин бора ба “Озодӣ” Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, хабар дод. Ӯ афзуд, “бозиҳои даври 12-уми мусобиқаи Лигаи олӣ миёни дастаҳои “Энергетик” (Душанбе) - “Вахш” (Қӯрғонтеппа) ва “Гвардия” (Душанбе) - ССКА “Помир” (Душанбе) бинобар иштироки футболбозони ҷавони ин дастаҳо дар ҳайати тими мунтахаби ҷавонони кишвар дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё, ки аз 23-юми июн то 3-юми июл дар Малайзия барпо мегардад, мавқуф мононда шуд. Бозии “Гвардия” бо ССКА “Помир” 21-уми июл (сешанбе) ва бозии “Энергетик” бо “Вахш” 25-уми июл (шанбе) баргузор хоҳанд шуд.”

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. "Регар-ТадАЗ" 11 9 2 0 30-8 29
2. "Равшан" 10 8 1 1 16-5 25
3. стиқлол" 10 6 2 2 25-8 20
4. "Хуҷанд" 11 5 1 5 18-17 16
5. “Хайр” 9 4 2 3 17-17 14
6. “Истаравшан” 11 4 2 5 18-22 14
7. “Парвоз” 10 4 1 5 25-17 13
8. "Вахш" 7 4 1 2 12-4 13
9. "Энергетик” 8 3 4 1 15-10 13
10. ССКА “Помир” 8 2 2 4 9-14 8
11. "Ҳосилот” 12 2 1 9 12-31 7
12. “Зарафшон” 11 1 3 7 13-34 6
13. "Гвардия” 10 1 0 9 7-30 3

Нишонзанҳои беҳтарин: Асадулло Бобоҷонов ("Парвоз"), Дилшод Восиев (“Истиқлол”) – 9-голӣ, Габриэл Донто (“Энергетик”) - 8 гол, Аҳтам Ҳамроқулов (“Регар-ТадАЗ”), Индус Ҳусейнзода ("Хуҷанд"), Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) - 7-голӣ.

Даври 13-ум
Оғози бозиҳо – соати 17:30
30 июн (шанбе)

«Регар-ТадАЗ» - «Энергетик»
«Хуҷанд» - «Равшан»
«Зарафшон» - «Хайр»

1 июл (якшанбе)
«Истаравшан» - «Истиқлол»
ССКА “Помир” - “Парвоз” - мавқуф гузошта шудааст
“Вахш” - “Гвардия”- мавқуф гузошта шудааст

Федератсияи футболи Тоҷикистон, инчунин, таърихи баргузории бозиҳои мавқуфмондаи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистонро муайян кард.

Бозиҳои давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ, ки аз сабаби ширкати футболбозони баъзе бошгоҳҳо дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ ва иштироки онҳо дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё (U-22) дар Малайзия ба мӯҳлати дертар гузаронида шуда буданд, аз 11-ум то 28-уми июл баргузор мешаванд.

11-уми июл, чоршанбе
Бозиҳои даври 9-ум
«Вахш» - «Истиқлол»
«Парвоз» - «Энергетик»
ССКА «Помир» - «Хайр»

17-уми июл, ҷумъа
Бозии даври 10-ум
«Хайр» - «Вахш»
Бозии даври 11-ум
ССКА «Помир» - «Энергетик»

21-уми июл, сешанбе
Бозии даври 11-ум
«Вахш» - «Равшан»
Бозии даври 12-ум
«Гвардия» - ССКА «Помир»

25-уми июл, шанбе
Бозии даври 12-ум
«Энергетик» - «Вахш»
Бозии даври 13-ум
ССКА «Помир» - «Парвоз»

28-уми июл, сешанбе
Бозии даври 13-ум
«Вахш» - «Гвардия»
Оғози бозиҳо – соати 17:30
XS
SM
MD
LG