Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боронҳои рӯзҳои истироҳат роҳу хонаҳоро хароб кард


Ориф Нозимов, сардори хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба "Озодӣ" хабар дод, ки 23 июни соли ҷорӣ соати 2:00-и шаб дар натиҷаи боридани борони сахт, дар ҷамоъати «Мухсу»-и ноҳияи Ҷиргатол, сел омада ба заминҳои наздиҳавлигии 21 хоҷагӣ зарар расонидааст.

Худи ҳамин рӯз, дар ҷамоъати деҳоти «Машъал»-и, ноҳияи Ваҳдат боду борони шадид, болопӯши якчанд манзилҳо ва хатҳои интиқоли барқро канда вайрону валангор намудааст. Дар ноҳияи мазкур, талафоти чорвои хонагии сокинон низ ба қайд гирифта шудааст.

Боридани борону ҷола, боиси шуста шудани 2,5 километр роҳи Исфара-Конибодом ва 10 километр шоҳроҳи Ашт-Хуҷанд гардидааст.

Ба гуфти Ориф Нозимов, феълан дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияҳо фаъолият карда, ҳаҷми молии хисороти ба мардум расидаро муайян мекунанд.
XS
SM
MD
LG