Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъзои ҳукумати нави Сурия маълум шуд


Телевизиони давлатии Сурия эълом кард, ки раиси ҷумҳур Башшор Асад бо судури фармоне ҳукумати нави кишварро таъсис додааст. Ду моҳ пеш аз ин интихоботи баҳсбарангези порлумоние дар Сурия баргузор шуд, ки мухолифони давлат аз ширкат дар он даст кашиданд. Ба иттилои телевизиони давлатии Сурия, ҳукумати навро Риёз Ҳиҷоб, вазири кишоварзӣ ва яке аз афроди вафодор ба Башшор Асад ва як узви калидии Ҳизби Баъс раҳбарӣ хоҳад кард. Волид ал-Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия ва вазирони дифоъу умури дохила дар мақомҳояшон мондаанд. Айни замон мухолифони давлат дар Сурия мегӯянд, бо идомаи ҷанг миёни нерӯҳои вафодор ба ҳукумат ва шӯришиён рӯзи ҷумъа дар Сурия дасти кам 50 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG