Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷияни Саддом Ҳусайн аз Австрия паноҳгоҳ хостааст


Музейи Вена
Музейи Вена
Дар Австрия марде боздошт шудааст, ки худро ҷияни сарвари барканоршудаи Ироқ-Саддом Ҳусайн меномад. Мақомот ӯро ба макони амн интиқол додаанд. Вазорати корҳои дохилии Австрия мегӯяд, ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳои ин марди 41-сола ва ду ҳамроҳи ӯ дар минтақаи Трайскиршени канори Вена ӯ ба полис гуфтааст, ки ҷияни Саддом Ҳусайн аст. Ба қавли мақомот ин афрод, ки бо худ шиноснома надоштаанд, ба полис гуфтаанд, ки дар ҷустуҷӯи паноҳгоҳ мебошанд.
СУхангӯи вазорати корҳои дохилии Австрия Карл-Ҳайнтс Грюнбек мегӯяд, тафтиши ҳувияти ин афрод собит намуд, ки онҳо воқеан бо ҷияни Саддом Ҳусайнро сӯҳбат доранд ва номбурда аз Туркия ба Австрия омадааст.
XS
SM
MD
LG