Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳобуддин-номзад ба мақоми нахуствазири Покистон


Назар ба гузоришҳои расида дар пайи барканории Юсуф Ризо Гилонӣ аз мақоми нахуствазири Покистон президенти ин кишвар Осиф Алӣ Зардорӣ Махдум Шаҳобуддинро ба ин мақом пешбарӣ кардааст. То кунун Шаҳобуддин вазифаи вазири саноати нассоҷиро бар дӯш дошта, яке аз собиқадорони сарсупурдаи ҳизби ҳокими мардумӣ ба шумор меравад. Тахмин мешавад, ки Маҷлиси поёнии парламенти Покистон, ки дар он ҳизби ҳоким аксари курсиҳоро дар ихтиёр дорад, рӯзи ҷумъа номзадии Шаҳобуддинро баррасӣ мекунад. Рӯзи сешанбе Додгоҳи Олии Покистон Юсуф Ризо Гилониро аз мақоми нахуствазири Покистон барканор намуд, зеро дар моҳи апрел ӯ ба ҳукумати Швейтсария иҷозат надод, бар зидди президент Зардорӣ бо иттиҳоми фасод парванда боз кунад. Гилонӣ гуфт, Зардорӣ ба ҳайси сарвари давлат иммунитет ё худ масуният дорад. Гилонӣ ва Зардорӣ ҳар ду узви ҳизби мардумии Покистон мебошанд.
Ба навиштаи хабаргузориҳои покистонӣ чанд соат пас аз пешбарии Махдум Шаҳобуддин ба мақоми нахуствазири кишвар додгоҳ ҳукми ҳабси ӯро содир кард. Ба ақидаи додрасҳо Шаҳобуддин даро замони раҳбарии вазорати беҳдошт дар вуруди давои ғайриқонунӣ даст доштааст. То ҳол маълум нест, ки ин ҳукм ба пешбарии Шаҳобуддин таъсир хоҳад дошт ё не?
XS
SM
MD
LG