Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салиби Сурх захмиҳоро аз Ҳумси Сурия берун меорад


Кумитаи Салиби Сурхи Байналмиллалӣ мегӯяд, гурӯҳи онҳо омода аст вориди шаҳри Ҳумси Сурия шавад ва аз он ҷо афродеро, ки дар даргириҳои ду ҳафтаи ахир ҷароҳат бардоштаанд, аз шаҳр берун барад. Дар ин шаҳр аз ду ҳафта ба ин сӯ миёни нируҳои вафодор ба президент Башор Асад ва нируҳои шӯришиён даргириҳо идома дорад. Салиби Сурх мегӯяд, ҳар ду ҷониб розӣ шудаанд, ки маваққатан оташбасро риоят мекунанд. Шаҳри Ҳумс 15 моҳ маркази муқовимат бо нируҳои Башор Асад будааст. Дар даргириҳои ахир шӯришиён ба маҳали иқомати сарбозон ҳамла бурдаанд ва 20 сарбозро ба қатл расондаанд.
XS
SM
MD
LG