Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду профессори донишгоҳи низомии Русия барои фурӯши сирри давлатӣ зиндонӣ шуданд


Додгоҳи Санкт-Петербург ду профессори донишгоҳи низомии Русияро барои фош кардани сирри давлатӣ ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард. Евгений Афанасйев ва Святослав Бобишев барои фурӯши сирри мушаки сохти русии “Булава” ба Чин ба мӯҳлатҳои 12,5 ва 12 сол зиндонӣ шуданд. Ҳарду мард худро бегуноҳ унвон карданд. Сирри мушак соли 2009 ба ҳангоми дар донишгоҳи технологии Балтикаи Санкт-Петербург, ки дар фанновариҳои низомӣ ихтисос ёфтааст, фурӯхта шудааст. Ин ҳодисаи чоруми муҷозот шудани шаҳрванони Русия бо иттиҳоми ҷосусӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG