Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар нақшаи сохтмони ниругоҳи Роғун тағирот ворид шуд


Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар соли 2012 дар корҳои сохтмонии ниругоҳи барқи обии Роғун баъзе тағирот ворид хоҳад шуд. Сабаб ин будааст, ки то ҳоло Бонки Ҷаҳонӣ арзёбии техникии ин ниругоҳро ба поён нарасондааст. Соли ҷорӣ маҷрои оби рӯдхонаи Вахш тағир нахоҳад ёфт. Дар ин бора матбуот хабаре пахш кардааст.

17 июн Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ин кишвар умедвор аст, ки Бонки Ҷаҳонӣ то моҳи феврали соли 2013 арзёбиҳои худро ба поён расонад.
XS
SM
MD
LG