Бино ба натиҷаҳои назархоҳӣ, ду ҳизби аслии Юнон, яъне Ҳизби Демократияи нав ва Ҳизби ки Сотсиалистии PASOK дар интихоботи порламонӣ шумораи кофии курсиҳоро ба даст овардаанд, то эътилоф ташкил кунанд. Ин ду ҳизб ҷонибдори барномаҳои кӯмаки молӣ мебошанд. Бино ба назархоҳиҳо, Ҳизби Демократияи нав аз 28 то 30 дарсад рай хоҳад гирифт. Ин бад-он маъност, ки ин ҳизб аз порламони дорои 300 курсӣ 127 курсиро ишғол хоҳад кард. Ба Ҳизби сотсиалистии PASOK дар ин назархоҳӣ 12,5 дарсад рай пешбинӣ шудааст ва 32 курсӣ ба он тааллуқ мегириад. Ҳоло Юнон ду тақсим шудааст. Яке Ҳизби Сириза ба раҳбарии Алексис Тсирпас ва дигарӣ Ҳизби Демократияи нав ба раҳбарии Антонис Самарас. Ин ду ҳизб хостории кӯмакҳои молии Иттиҳодияи Аврупо мебошанд, ки мехоҳад 130 миллиард евро ба Юнон барои раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ қарз диҳад.