Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Euro - 2012: Олмон зидди Дания ва Нидерланд зидди Португалия


Дар бозиҳои ниҳоии гурӯҳи В дар сабқати футболи Ҷоми Аврупо – 2012 дар рӯзи якшанбе Нидерландия бо Португалия ва Олмон бо Дания қувваозмоӣ хоҳанд кард. Ин бозӣ барои ҳар яке аз ин дастаҳо ҳалкунанда хоҳад буд. Ҳамаи бозиҳо дар Украина ҷараён хоҳанд ёфт. Рӯзи шанбе пирӯзии Юнон бар Русия бо ҳисоби 1:0 русҳоро аз идомаи сабқат дар гурӯҳи А маҳрум кард. Ҷумҳурии Чех бо айни ҳисоб мизбони дигари сабқат Лаҳистонро берун андохт.
XS
SM
MD
LG