Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Euro-2012: Фаронса Украинаро (2:0) шикаст дод


Шведсия бо вуҷуди он ки дар сабқати футболи Ҷоми Аврупо як бозии дигар бо дастаи Фаронса дорад, аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ маҳрум шуд. Ин ҳолат баъд аз бохти он ба Инглистон бо ҳисроби 3:2 ба миён омад. Дастаи Фаронса дар ин байн яке аз мизбонҳои сабқат – Украинаро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи D Фаронса ва Инглистон бо 4- имтиёзӣ пешсафанд. Украина бо се имтиёз дар ҷойи севум ва Шведсия бидуни имтиёз дар зинаи чаҳорум қарор доранд.
XS
SM
MD
LG