Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии Шветсия дар Ҷоми Аврупо -2012


Шаби 15-уми июн бозиҳои даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Аврупо-2012 дар гурӯҳи D баргузор шуданд.

Ҳарду бозӣ дар Украина барпо гардид. Нахуст дар шаҳри Донетск дастаҳои мунтахаби Украина ва Фаронса рақобат карданд. Бозӣ бо ғалабаи фаронсавиҳо бо ҳисоби 2:0 поён ёфт. Голҳо: Менез, 53 (0:1), Кабайе, 56 (0:2).

Бояд гуфт, ки дар дақиқаи панҷум, замоне ки ҳисоб 0:0 буд, ба иллати борони сел дастаҳо ва доварон майдонро тарк карданд. Баъдан бозӣ идома ёфт.

Сипас дастаҳои мунтахаби Шветсия ва Инглистон дар шаҳри Киев вориди рақобат шуданд. Ин бозӣ бо пирӯзии инглисҳо бо ҳисоби 3:2 ба охир расид. Голҳо: Кэрролл, 23 (0:1), Ҷонсон, 49 (1:1)- автогол). Меллбург, 59 (2:1). Уолкотт, 64 (2:2). Уэлбек, 78 (2:3).

Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи D Фаронса ва Инглистон бо 4- имтиёзӣ пешсафанд. Украина бо се имтиёз дар ҷойи севум ва Шветсия бидуни имтиёз дар зинаи чаҳорум қарор доранд. Шветсия новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш бо Фаронса аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ маҳрум шуд. Се дастаи дигар муборизаро барои ду роҳхат идома медиҳанд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Алан Дзагоев (Русия), Марио Гомес (Олмон) ва Марио Манҷукич (Хорватия) бо 3-голӣ пешсафанд. Андрей Шевченко (Украина), Ватслав Пиларж (Ҷумҳурии Чех), Никлас Бендтнер (Дания), Фернандо Торрес (Испания) ва Сеск Фабрегас (Испания) дуголӣ задаанд.

Имшаб, 16-уми июн, дар Лаҳистон ду бозии охирин дар гурӯҳи А баргузор мешавад. Дастаҳои мунтахаби Юнон ва Русия дар шаҳри Варшава, тимҳои Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон дар шаҳри Вротслав рақобат мекунанд. Ҳарду бозӣ дар як вақт – соати 23:45 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи А: 1. Русия – 4 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 5-2). 2. Ҷумҳурии Чех – 3 (3-5). 3. Лаҳистон – 2 (2–2). 4. Юнон – 1 (1-3).
XS
SM
MD
LG