Пайвандҳои дастрасӣ

Қотилони Холмӯъмин Сафаров шиносоӣ нашудаанд


Холмӯъмин Сафаров
Мақомот мегӯянд, дар робита ба куштори Холмӯъмин Сафаровдар Душанбе ҳанӯз касе боздошт нашудааст.

Бо гузашти ду рӯз аз қатли Холмӯъмин Сафаров-раҳбари Муассисаи хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва шавҳари хоҳари Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳур ҳанӯз омилони ин сӯиқасд шиносоӣ ва сабабҳои он ошкор нашудааст.

Ҷамшед Сангов-сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои сангини Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 15-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло тафтишот ҷараён дорад. Аммо то кунун гумонбарон нестанд. Пурсиш дорем, аммо ҳанӯз ягон сабабе рӯшан нашудааст."

Абдураҳмон Бузмаков-сардори раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, низ танҳо ин нуктаро зикр кард, ки дар ҳоли ҳозир тафтишоти қазия ҷараён дорад ва касе чун гумонбар боздошт нашудааст.
XS
SM
MD
LG