Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағирот дар ҳаракати қаторҳо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия


Ҳаракати қатори мусофирбар дар масири «Хуҷанд-Саратов» аз 23 июни соли ҷорӣ қатъ мешавад. Дар ин бора ба радиои «Озодӣ» Карим Мӯминов-муовини сардори корхонаи мусофирбарии Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон хабар дод. Ин манбаъ афзуд, дар мавсими тобистон ҳаракати қатор дар хатсайри «Душанбе-Конибодом» низ ба муддати номаълум мутаваққиф хоҳад шуд.

Аммо муовини Сардори корхонаи мусофирбарии Идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон сару садоҳо дар бораи қатъи ҳаракати қатор дар масири «Душанбе-Маскав»-ро бепоя хонд. Ҷаноби Мӯминов гуфт, ки дар тақсимавқоти ҳапракати қаторҳо дар ин масир имкон дорад дигаргуниҳо пеш ояд.
XS
SM
MD
LG