Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тафтиши қатли хеши Эмомалӣ Раҳмон


Мақомоти интизомӣ ба тафтиши парвандаи қатли Холмӯъмин Сафаров, яке аз хешовандони наздики Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон пардохтаанд. Ҷамшед Сангов, муфаттиши додситонии кулл ва раҳбари гурӯҳи тафтишотӣ дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт:"Ҳоло чизе муайян нашудааст. Танҳо ҷасадро бо захмҳои силоҳи оташфишон пайдо кардаем. Тафтишот идома дорад." Шавҳари хоҳари Эмомалӣ Раҳмон ва мудири сарраёсати хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистонро шаби 13-уми июн дар наздикии хонааш дар яке аз маҳаллаҳои марказии шаҳри Душанбе куштаанд. Мақомот мегӯянд, қотилон ба сарӯ рӯи Холмӯъмин Сафаров чанд тир холӣ карда ва аз маҳалли ҳодиса ғайб задаанд. Вазорати умури дохила гуфтааст, ҳар кас, ки дар ёфтани омилони ҷиноят кӯмак кунад, подоши бузурге хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG