Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сергей Лавров иттиҳоми Ҳилларӣ Клинтонро рад кард


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия,иттиҳоми ҳамтои амрикоияш Ҳилларӣ Клинтон дар бораи фурӯши чархболҳои низомии русӣ ба Сурияро рад кард ва дар навбати худ ИМА-ро дар он айбдор намуд, ки мухолифини ҳукумати Сурияро бо силоҳ таъмин мекунад. Хонум Клинтон гуфта буд, ки фиристодани чархболҳои низомии русӣ ба Сурия низоъро дар ин кишвар доман мезанад.

Эрон аз ҳампаймонҳои аслии Сурия маҳсуб мешавад ва Русия дар маҳофили байнулмилалӣ ба ташдиди таҳримҳо болои Димишқ мухолифат мекунад. Намояндаи вазорати умури хориҷии Русия қабл аз шурӯи сафари Сергей Лавров ба Теҳрон гуфт, ки Маскав вакили мудофеъи бархе аз режимҳои Ховари Миёна нест ва аммо барои риоя шудани меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ пойфишорӣ хоҳад кард.

Қарор аст, ки Сергей Лавров дар Теҳрон бо мақомоти олии Эрон дар робита ба омодагиҳо ба даври навбатии музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон сӯҳбат кунад. Ин музокирот рӯзи 18 июн дар шаҳри Маскав ифтитоҳ мешавад. Аз ин пеш ҳайатҳои Эрон ва панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон дар Бағдод талоши пайдо намудани роҳҳои ҳалли қазияи барномаи ҳастаии Теҳронро карда буданд.
XS
SM
MD
LG