Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътои масунияти умрбод ба раҳбари Озарбойҷон


Парлумони Озарбойҷон бо тасвиби як қонун масунияти умрбоди раиси ин ҷумҳурӣ ва ҳамсари ӯ аз таъқиби ҷиноӣ барои аъмоли дар давраи раёсат содиркардашро замонат дод. Мухолифин пайваста Илҳом Алиев ва аъзои хонаводаи ӯро ба сӯъиистифода аз қудрат ба хотири ҷамъ овардани сарватҳои ҳангуфт айбдор мекунанд. Ду раисиҷумҳури қаблии Озарбойҷон, бо шумули падари Илҳом Алиев – Ҳайдар Алиев - вафот кардаанд, вале раисиҷумҳури нахустинаш – Аёз Муталлибов дар Маскав ба сар мебарад. Эътои масуният метавонад роҳи бозгашти ӯ баъди 20 соли ғурбатро низ ҳамвор кунад.
XS
SM
MD
LG