Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Панҷшер" -- ғолиби давраи аввали Лигаи якум


Давраи аввали мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба анҷом расид.

“Панҷшер” дар даври 13-уми мусобиқот бар тими меҳмон - “Локомотив”-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 7:3 ғолиб омад ва бо 29 имтиёз мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқот нигоҳ дошт. Дар ин бозӣ нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Наим Каримов се гол ва Абдуҳалим Боронов ду гол (ҳарду - “Панҷшер”) ба ҳадаф расонданд.

Дастаҳои “Ҳулбук”-и Восеъ ва “Ситора”-и Рӯдакӣ 27-имтиёзӣ ба даст оварданд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Ҳулбук” дар ҷои дувум ва “Ситора” дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Натоиҷи бозиҳои дигари даври 13-ум:
«Барқ» (Норак) – “Бохтар” (Бохтар) - 0:1
“Самар” (Восеъ) - «Саройкамар» (Панҷ) - 1:3
«Ситора» (Рӯдакӣ) - «Сабо» (Шаҳринав) - 1:0
“Ҳулбук” (Восеъ) - «Файзобод» (Файзобод) – 7:3
“Пахтакор” (Қабодиён) – “Кӯктош” (Рӯдакӣ) - 0:3 (техникӣ)

Ҳамин тариқ, дар панҷ бозии даври 13-ум ҳамагӣ 26 гол зада шуд, ки 16-тоаш ба соҳибони майдон ва 10-тоаш ба меҳмонон мутааллиқ аст. Дар се бозӣ мизбонон ғолиб омаданд ва ду бозӣ бо пирӯзии меҳмонон ба охир расид.

Ба гуфтаи Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии даври 12-ум миёни дастаҳои «Локомотив» (Душанбе) ва «Самар» (Восеъ) ба иллати ба талабот ҷавобгӯ набудани варзишгоҳи дастаи мизбон барпо нашуда буд. Ин масъала дар ҷаласаи кумитаи варзишию техникии ФФТ баррасӣ гашт ва “Локомотив” бо ҳисоби фаннии 0:3 мағлуб дониста ва ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима карда шуд. “Самар”бошад, бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб ва соҳиби се имтиёз гардид.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Панҷшер"

12

9

2

1

49-21

29

2.

улбук"

12

9

0

3

33-16

27

3.

Ситора”

12

9

0

3

19-8

27

4.

"Кӯктош"

12

8

2

2

22-10

26

5.

"Саройкамар"

12

8

1

3

37-19

25

6.

"Бохтар”

12

6

3

3

25-17

21

7.

"Самар"

12

5

4

3

21-17

19

8.

"Сабо”

12

5

1

6

25-24

16

9.

"Пахтакор”

12

3

3

6

16-19

12

10.

"Барқ”

12

2

1

9

13-34

7

11.

“Локомотив”

12

2

1

9

14-38

7

12.

СКИФ

12

1

4

7

16-31

7

13.

Файзобод

12

0

0

12

6-42

0


Нишонзанҳои беҳтарин: Наим Каримов (“Панҷшер”) - 15 гол, Абдуҳалим Боронов (“Панҷшер”) - 13 гол, Ҷонибек Ғаффоров ("Саройкамар")- 11 гол, Соҳиб Ваҳҳобов (“Саройкамар”) - 10 гол.

Давраи дувуми мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон баъди моҳи шарифи Рамазон – авохири моҳи август шурӯъ хоҳад шуд.

Ҷоми Тоҷикистон-2012

Даври пешакӣ. Бозиҳои аввалин
15-уми июн (ҷумъа)
Оғози бозиҳо – соати 17.30

«Самар» (Восеъ) – РТСУ (Душанбе)
«Далерон» (Истаравшан) – «Ситора» (Рӯдакӣ)

Даври пешакӣ. Бозиҳои ҷавобӣ
19-уми июн (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17.00

РТСУ (Душанбе) – «Самар» (Восеъ)
«Ситора» (Рӯдакӣ) – «Далерон» (Истаравшан)
XS
SM
MD
LG