Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Федератсияи Русия қонуни муҷозоткунандаи эътирозаронро қабул кард


Шӯрои Федератсия ё палатаи болоии парлумони Русия бо қонуни баҳсбарангези ташдидкунандаи муҷозот барои ширкат дар намоишҳои эътирозӣ мувофиқат кард ва акнун танҳо имзои президент Владимир Путин мемонад, ки ин қонун ба ҳукми иҷро дарояд. Думаи давлатии Русия шоми дирӯз тарҳи баҳсбарангези қонунеро ба тасвиб расонд, ки мизони ҷаримаи ширкатдорони намоишҳои эътирозиро фавқулодда боло мебарад. Қонуни баҳсбарангези қабулшуда мизони ҷаримаро барои эътирозгарон то ҳадди аксари 1,5 миллион рубл, муодили тақрибан 50 ҳазор ҳазор доллар таъйин карда, инчунин феҳрасти моддаҳои муҷозоткунандаро ҳам афзоиш додааст. Мунаққидон мегӯянд, ки қонуни мазкур ба хотири саркӯби эътирозгарони режими президент Владимир Путин таҳияву қабул шудааст.
XS
SM
MD
LG