Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беназмӣ дар толори додгоҳи Қазоқистон


Ҳангоми қироати ҳукми додгоҳ бар зидди 37 нафар созмондиҳандагони нооромии маргбор дар шаҳраки Жаноазени Қазоқистон дар толори додгоҳ беназмӣ рух дод. Рӯзи душанбе вақте, ки ҳукми онҳоро қозии додгоҳ эълон кард, муттаҳамон талош доштанд аз дохили қафаси шишаӣ берун оянд. Аз толор баъзе хешовандон ба сӯи қозии додгоҳ телефонҳои ҳамроҳ ва чизҳои дигарро мепартофтанд. Баъзе занҳо аз ҳуш рафтанд. Дар чунин вазъ қозии додгоҳ натавонист ҳукмро то ахир қироат кунад ва аз толор берун рафт. Аз 37 нафар 12 нафар аз 4 то 7 солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. 5 нафар афв шуданд. 3 нафарро бегуноҳ эълон карданд. 16 нафар шартан аз озодӣ маҳрум шудаанд.
XS
SM
MD
LG