Ширкатҳову корхонаҳои пойтахти Тоҷикистон барои баргузории “тӯйи дастаҷамъӣ”-и 60 ҷуфт аз хонаводаҳои фақир 451 000 сомонӣ, муодили беш аз 90 000 доллар ҷамъ овардаанд. Ин маърака ба муносибати солгарди 15-уми имзои созишномаи сулҳ дар маркази тиҷории “Душанбе-Плаза” барпо хоҳад шуд. 11 ширкату корхонаи бузург, аз ҷумла “Вавилон”, “Индиго”, “Тоҷикмебел” ва бозори “Султони Кабир” ҳар кадом барои ин тӯй 41 000 сомонӣ хайр кардаанд.
Дар Душанбе тӯйи муштараки 60 ҷуфт барпо мешавад
