Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба Чин меравад


Раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз сафари расмии панҷрӯзааш ба Чинро шурӯъ мекунад. Дар пайи анҷоми ин сафар, оқои Раҳмон рӯзҳои 6 ва 7 июн дар Пекин дар нишасти сарони Созмони Шанхай низ ширкат хоҳад кард. Чин бузургтарин сармоягузор ба иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб шуда, қарзи Душанбе аз Пекин ба 900 миллион доллар наздик мешавад. Иқтисоддонҳо Душанберо аз авоқиби манфии чунин вобастагии шадид аз сармояи як кишвар низ ҳушдор медиҳанд.
XS
SM
MD
LG