Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нома ба "Озодӣ": Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ чӣ ҳол дорад?


Омӯзгорони Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон аз набуди шароит барои таълим дар ин муассиса изҳори нигаронӣ карда ва ба унвони Радиои Озодӣ номаи шикоятӣ ирсол намудаанд.

Онҳо дар номаи худ нигоштаанд, "зиёда аз се сол мешавад, вазъи дарсгузарӣ дар коллеҷ бинобар сабаби зиёд шудани теъдоди донишҷӯён бисёр мушкил шудааст ва аз нарасидани синфхонаҳову толорҳои варзишӣ бениҳоят вазнин мебошад."

Баҳри ошноӣ пайдо кардан аз вазъи таълим дар ин муассисаи таълимӣ ба маҳаллаи Лучоби шаҳри Душанбе, ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, ки коллеҷ ҳам дар ҳудуди он қарор дорад, рафтем. Қосим Қурбонов, роҳбари тозатаъйини ин коллеҷ, зимни сӯҳбат бо мо дар мавриди мушкилоти таълимгоҳ гуфт, "ба вазифаи директори Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон танҳо 12-уми апрели соли равон таъйин шудам. Нисбати мактубе, ки ба унвонии Радиои Озодӣ ворид шудааст, гуфтаниям, воқеан ин гуна мушкилиҳо ҷой доранд ва мо кӯшиш мекунем, онҳоро ҳал намоем."

Зимни боздид аз коллеҷ мо шоҳиди он шудем, ки дар як курсӣ ду донишҷӯ нишаста дарс мехонанд ва синфхонаҳои таълимӣ ва толорҳои варзишии болопӯшида ҳангоми варзиши бадан дар фасли сармо ва борон барои донишҷӯён тангӣ мекунад.

Мирзосафар Шамсиддинов, ёвари раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, мегӯяд, "худи табдил додани техникуми варзиш ба коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ кори ғалат буд. Ба якборагӣ шаш толори варзиш ва бинои ин коллеҷ ба Кумитаи амнияти миллӣ бахшида шуд. Ҳоло бар иловаи 3472 нафар донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ боз 325 нафар донишҷӯи Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ сарборӣ мешаванд. Мо имкони ғунҷоиши ин теъдод донишҷӯёнро надорем."

Баҳром Ишратов, корманди шӯъбаи кор бо муассисаҳои таълимӣ ва сертификати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар робита ба мушкилоти донишҷӯёни Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ мегӯяд, “вақте коллеҷ ба бинои хобгоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ кӯчонда шуда буд, дар ин донишгоҳ донишҷӯён камтар буданд. Ҳоло бошад, шумораи донишҷӯён ба маротиб афзудааст ва бинобар камии синфхонаҳои таълимӣ ҳоло дар фаъолияти ин коллеҷ мушкилиҳо ба назар мерасанд.” Ҷаноби Ишратов дар мавриди толорҳои варзишӣ гуфт, дар ҳамоҳангӣ бо Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дарсҳо бо навбат гузаронида мешаванд, то ҳама донишҷӯён имконияти тамрин карданро дошта бошанд.

Ӯ ҳамчунин афзуд, кумита як лоиҳаи инвеститсиониро омода ва ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод кардааст, ки мувофиқи он бояд як бинои таълимӣ дар ҳудуди Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ махсус барои Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ бо 14 синфхонаи таълимӣ ва утоқҳои маъмурӣ сохта шавад ва аммо иҷрои ин тарҳ тӯл кашидааст.

Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ аз соли 2002 ба ин ҷо кӯчонида шуда, ҳоло дар як қисмати бинои хобгоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ қарор дорад. Бинои қаблии ин коллеҷ, ки дар шафати варзишгоҳи марказӣ бо ҳама толору хобгоҳҳояш қарор дошт, ба Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон эъто шудааст.

Ин коллеҷ, ки солҳои Шӯравии пешин Техникуми тарбияи ҷисмонӣ ном дошт, соли 1948 таъсис ёфта ва шогирдони он Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон машҳур кардаанд. Қаҳрамонони Бозиҳои олимпӣ Юрий Лобанов (оид ба заврақронӣ) ва Анатолий Старостин (оид ба панҷҳарбаи муосир), қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон заврақрон Михаил Лобанов аз ҷумлаи онҳоянд. Бисёр мураббиёни варзида, ба мисли Исмат Абдуллоев, Сергей Илин ва дигарон дар ҳамин таълимгоҳ таҳсил кардаанд.

Ба назари коршиносони соҳа дар мавриди фароҳам сохтани шароити зарурӣ барои таълиму тамрини донишҷӯёну омӯзгорон дар ин коллеҷ метавон дар оянда боз қаҳрамонони ҷаҳону Осиёро тарбият кард.
XS
SM
MD
LG