Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб баъди бохт дар даври охирини сабқати гурӯҳи “В” аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ маҳрум гашт.

Мунтахаби Тоҷикистон (сармураббӣ Дамир Камолиддинов) дар бозии севумаш аз дастаи Лубнон бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Ёдовар мешавем, ки футболбозони тоҷик баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар тими Тайван бо ҳисоби 6:4, дар даври дувум аз мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 1:6 шикаст хӯрда буданд.

Ба ин тартиб, дар ин гурӯҳ дастаи Ҷопон, ки дар ҳарсе бозӣ ғалаба кард, бо 9 имтиёз мақоми аввлро касб намуд. Тими Лубнон бо 6 имтиёз дувум шуд. Ҳарду даста ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.

Вале мунтахаби Тоҷикистон бо 3 имтиёз дар зинаи севум ва тими Тайван бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифтанд ва аз идомаи мубориза барои унвони қаҳрамони футзали Осиё ва медалҳои мусобиқот маҳрум шуданд.

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳҳо:

Гурӯҳи “А”:

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тайланд

3

3

0

0

11-3

9

2

Қирғизистон

3

2

0

1

5-4

6

3

Аморат (АМА)

3

1

0

2

6-8

3

4

Туркманистон

3

0

0

3

3-10

0


Гурӯҳи “В”:

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ҷопон

3

3

0

0

15-4

9

2

Лубнон

3

2

0

1

7-6

6

3

Тоҷикистон

3

1

0

2

8-12

3

4

Тайван

3

0

0

3

7-15

0


Гурӯҳи "С":

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

3

3

0

0

31-1

9

2

Австралия

3

2

0

1

9-10

6

3

Қатар

3

1

0

2

7-14

3

4

Кореяи Ҷанубӣ

3

0

0

3

4-26

0


Гурӯҳи "D":

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Кувайт

3

2

1

0

15-4

7

2

Узбакистон

3

2

1

0

12-3

7

3

Чин

3

1

0

2

6-9

3

4

Индонезия

3

0

0

3

6-23

0


Ба ғайр аз Ҷопону Лубнон (гурӯҳи “В”), дастаҳои мунтахаби Тайланду Қирғизистон (гурӯҳи “А”), Эрону Австралия (гурӯҳи “С”), Кувайту Узбакистон (гурӯҳи “D”) ба чаҳорякфинал баромаданд.

Дар даври чаҳорякниҳоӣ рӯзи 29-уми май Тайланд бо Лубнон, Эрон бо Узбакистон, Ҷопон бо Қирғизистон ва Кувайт бо Австралия рақобат мекунанд. Бозиҳои даври ниманиҳоӣ 30-юми май, бозӣ барои ҷойи севум ва бозии ниҳоӣ 1-уми июн баргузор хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG