Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе-1 – ғолиби Бозиҳои варзишии ҷавонон


Марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии ҷавонони Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи мунтахаби Душанбе-1 ба анҷом расид.

Дар ин бора ба “Озодӣ” Сайидраҳмон Раҳмонов, сардовари ин Бозиҳо, хабар дод. Вай афзуд, “Дар се давраи Бозиҳо 5680 варзишгар ширкат карданд. 987 нафари онҳо ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд, ки 291 нафарашон бонувон буданд. Ба барномаи бозиҳо 9 навъи варзиш шомил буд. Мусобиқоти ниҳоӣ дар шаҳрҳои Душанбе (варзиши сабук, волейбол ва тенниси рӯи миз),Хуҷанд (гуштии озод), Қӯрғонтеппа (дзюдо), Кӯлоб (самбо), Турсунзода (таэквондо ВТФ), Истаравшан (баскетбол) ва ноҳияи Рашт (гуштии миллӣ) баргузор шуд.”

Дар ҳисоби умумидастаӣ тими аввали Душанбе ҳамагӣ 80 медал, аз он ҷумла 37 медали тилло, 22-нуқра ва 21 нишони биринҷӣ ба даст оварданд. Дастаи аввали вилояти Суғд бо 72 медал (22+25+25) ҷойи дувум ва тими дувуми вилояти Хатлон бо 59 медал (19+13+27) мақоми севумро касб карданд.
XS
SM
MD
LG