Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон низ бисёрҳизбӣ мешавад?


Матбуоти давлатии Туркманистон гузориш додааст, ки тоҷирони ин кишвар ҳизби сисёсӣ таъсис медиҳанд, то дар интихоботи оянда ба низоми яккаҳизбӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ хотима диҳанд. Ҳафтаи ҷорӣ Анҷумани кормандони саноат ва соҳибкорон дар чанд рӯзнома огаҳӣ дод, ки ба Ҳизби нави соҳибкорон хоҳишмандонро қабул мекунад.

Созмондиҳандагон мехоҳанд дар ояндаи наздик анҷумани муассиси ҳизбро баргузор ва дар он барномаи ҳизби худро баррасӣ кунанд. Вале онҳо хабар надодаанд, ки ин ҳизб сабти ном шудааст ё хайр. Баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ то ҳол дар Туркманистон Ҳизби Демократ ба раҳбарии раиси ҷумҳур фаъолият мекунад.

Соли 2010 Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов пешниҳод кард, ки дар кишвараш ҳизби дуввум ташкил шавад ва ба порламон тавсия дод, ки қонун дар бораи ҳизбҳои сисёсиро ба тасвиб расонад.
XS
SM
MD
LG