Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон раводидро барои Амрикову Аврупо соддатар кард


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон иловаеро дар қонуни Тоҷикистон ба тасвиб расонд. Тибқи ин илова акнун шаҳрвандони Амрико, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва баъзе аз кишварҳои Ҷануби Шарқи Осиё ҳақ доранд дар қаламрави Тоҷикистон то як моҳ бидуни раводид иқомат кунанд.

Маҳмудҷон Собиров-муовини аввали вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ҳангоми муаррифии ин илова ба намояндагон гуфт, ҳадаф фароҳам овардани шароити бештар барои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва рушди ҷаҳонгардист.

Аз соли 2006 дарёфти раводиди Тоҷикистон ба муддати 45 рӯз барои шаҳрвандони 68 кишвар, аз ҷумла кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва баъзе кишварҳои дигар соддатар шуда буд.
XS
SM
MD
LG